Наврасони Душанбе дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бо Диплом ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд

Август 29, 2022 08:47

ДУШАНБЕ, 29.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Таълимгирандагони МД «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои иштироки фаъол ва эҷодкорона дар кори Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бо Диплом ва Сипосномаи Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора Директори  Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов хабар дод.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, бори аввал аз 24 то 28 август Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар шаҳри Москва баргузор гардид.

Дар форуми мазкур гурӯҳи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» иштирок намуд.

Дар форум зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми  манотиқи Федератсияи Русия ва намояндагони 10 кишвари дигар   ҳузур доштанд.

«Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун  иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират карданд. Ба воситаи ин форум кӯдакону наврасон бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос гардиданд. Ҳамзамон дар ҷараёни форум иштирокчиён бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд»,- гуфт ба АМИТ «Ховар» Директори  Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Август 29, 2022 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст