НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2030 шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат ба 30 фоиз расонида мешавад

Август 2, 2022 16:27

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатиашон 21 декабри соли 2021 зикр намуданд ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат ба 30 фоиз ва кадрҳои роҳбарикунанда ба 25 фоиз расонида мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, ки барои амалӣ гардидани ҳадафи зикргардида Кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030»-ро таҳия намуд, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардидааст.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати амалишавии барномаи соҳавӣ дар сатҳи маҳал, пешгирии раванди ҳама гуна омилҳои номатлуб, аз ҷумла бекоршавии ақди никоҳ, муҳоҷирати занон, амалҳои зӯроварӣ дар оила, худкушию худсӯзӣ, ҷиноятсодиркунӣ, хурофотпарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаҳои сайёр доир гардиданд ва баргузории онҳо дар дигар минтақаҳои мамлакат дар назар аст.

Ҳилолбӣ Қурбонзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки «ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ сол то сол зиёд мегарданд. Омилҳои ба он мусоидаткунанда асосан дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани ҳамсарон, бемории яке аз ҳамсарон, бефарзандӣ, зӯроварии хонаводагӣ, мувофиқ наомадани муносибати аъзои хонавода, дахолати шахсони сеюм, гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия ва ғайра мебошанд».

Зикр гардид, ки тибқи маълумоти омории Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли равон бақайдгирии ақди никоҳ 30 ҳазору 266 ҳолат ва бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ 7 ҳазору 265 ҳолатро ташкил додааст аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (6 476) 789 ҳолат зиёд мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2022 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид