ОБУ ҲАВО: 3-4 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 27+3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳои бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






