Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон» моҳи июни соли 2021 оғоз гардида буд ва инак, пас аз 1 сол дар арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд.
Сохтмони боғи кӯдаконаи “Кайҳон” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Обид Олимов сурат гирифтааст. Арзиши иншоот, ки тарҳи муосиру замонавӣ дорад, 3 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар вақти корҳои сохтмонӣ мутахассисону устоҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ин маркази дилхушии кӯдакона дар масоҳати 0,42 гектар сохта шуда, ба ҳусни шаҳри Конибодом зебоии дигар зам мекунад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон” 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар боғчаи мазкур таҷҳизоти муосир барои бозиҳои бачагона насб карда шуда, пешкаши аҳолии шаҳри Конибодом, хусусан кӯдакон гардонида шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






