Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон»-ро ба истифода доданд

Август 11, 2022 09:53

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон» моҳи июни соли 2021 оғоз гардида буд ва инак, пас аз 1 сол дар арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд.

Сохтмони боғи кӯдаконаи “Кайҳон” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Обид Олимов сурат гирифтааст. Арзиши иншоот, ки тарҳи муосиру замонавӣ дорад, 3 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар вақти корҳои сохтмонӣ мутахассисону устоҳои маҳаллӣ ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин буданд.

Ин маркази дилхушии кӯдакона дар масоҳати 0,42 гектар сохта шуда, ба ҳусни шаҳри Конибодом зебоии дигар зам мекунад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани шаҳраки кӯдаконаи “Кайҳон” 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар боғчаи мазкур таҷҳизоти муосир барои бозиҳои бачагона насб карда шуда, пешкаши аҳолии шаҳри Конибодом, хусусан кӯдакон гардонида шуд.

Ифтитоҳи шаҳраки кӯдаконаи «Кайҳон» дар шаҳри Конибодом 11.08.2022

Август 11, 2022 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд