Пойгоҳи техникии филиали ширкати «IRS» дар Тоҷикистон ба 218 адад техникаву механизм расонида шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш ба парки техникии филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» («IRS») дар Тоҷикистон ҳашт адад техникаи нав — 3 худборкунаки пуриқтидори фронталӣ ва 5 нақлиёти махсусгардонишуда барои интиқоли кормандон ворид карда шуд. Бо ин пойгоҳи техникии филиали ширкати «IRS» дар Тоҷикистон ба 218 адад техникаву механизм расонида шуд. Дар ин бора дар маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият ва хариди таҷҳизот барои филиали ширкат зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ гардид. Ва минбаъд ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 218 техникаву механизм расонида шуд. Мунтазам ғанӣ намудани пойгоҳи техникии филиали ширкат дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.
Ба иттилои филиали ширкат, то анҷоми сол вуруди иловагии техникаву механизмҳо дар назар дошта шудааст.
АКС: филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






