Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ «Ориён Пак»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст.
Зимни боздид аз корхонаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисони ин корхонаи истеҳсолӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ дода, содироти онро ба роҳ монанд.
Дар корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтиленӣ дар маҷмӯъ 100 ҷойи кор мавҷуд буда, айни замон 86 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Маоши миёнаи кормандон аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Тамоми таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст. Шумораи дастгоҳ аз 32 мошини бофандагӣ, 4 мошини дӯзандагӣ ва 5 дастгоҳи ресандагию ороишӣ иборат буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар корхона дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор дона халта истеҳсол карда мешавад. Нархи халтаҳо ба ҳаҷм ва сифати онҳо вобаста мебошад.
Соҳибкорон ашёи хомро аз давлатҳои Узбекистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркманистон ворид менамоянд.
Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорон аст, ки дар воридоти маҳсулоти хом имтиёзҳо пешбинӣ шуданд ва ин иқдом боиси рушди соҳаи саноат ва амалишавии ҳадафи чоруми мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар гардид.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






