Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ карданд

Август 10, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.

Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.

Корҳои бунёдӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, дар муддати муайян бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шуд ва ҳангоми сохтмони он 40 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Истаравшан аз 3 ошёна иборат аст.

Ҳамчунин барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар ошёнаи 3-юми бино 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани шароити хизматчиёни ҳарбӣ шаҳодат медиҳад.

Инчунин бинои наву замонавӣ дорои маҷлисгоҳ барои 90 нафар, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш буда, барои кормандон пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ мизу курсӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.

Бино бо системаи гармидиҳии тариқи ангишт ва қувваи барқ фаъолияткунанда таъмин мебошад, ки ба воситаи он дар фасли сармо ҳамаи ҳуҷраҳо бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Саҳни бино пурра ҷароғон ва роҳравҳои атрофи он пурра сафолак ва асфалтпӯш карда шудаанд.

Дар ҳудуди бинои шуъба барои фарзандони хизматчиён дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ майдончаи бозии кӯдаконаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо утоқҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онҳоро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 10.08.2022

Август 10, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд