Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро, аз ҷумла оид ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ, бахусус таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари давлат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи тақвияти ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои сохтории он дар ростои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ, бахусус масъалаҳои обу иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таъкид намуданд.
Ду ҷониб ҳамзамон дар робита ба вазъи ҷории ҳамсоякишвари Афғонистон табодули афкор анҷом доданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад. Вобаста ба ин омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зикри нақши муҳими Ҳайати СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон, изҳори умед намуданд, ки Созмон ва ниҳодҳои марбутаи он ба қазияи Афғонистон минбаъд низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир хоҳанд кард.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба тамосҳо ҷиҳати баррасии ин ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ идома хоҳанд дод.








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






