Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфтанд

Август 25, 2022 19:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро бинобар анҷоми ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сатҳу сифати ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минитақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми хонум Мэрилин Йосефсонро дар рушду тавсеаи муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ карданд.


Раиси Маҷлиси миллӣ барои кумакҳои ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19, инчунин барои ҷонибдории Иттиҳод аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои муҳими муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, зарурати истифодаи имконоти васеи ҷонибҳоро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, инфрасохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳиро муҳим арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот бо таваҷҷуҳ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон, ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 25, 2022 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд