Саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон дар рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ гардид

Август 4, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дастовардҳои  мусбати сӣ соли равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҷопонро таъкид намуда, нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо сатҳи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, беҳтаргардонии зерсохтори нақлиётию логистикӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судмандро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ҳамчун заминаи эътимоднок ва воқеӣ дар роҳандозии ҳамкории амалӣ ва ҳамшарикии Ҷопон бо Осиёи Марказӣ зикр карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 4, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд