«Саноатсодиротбонк» бо «KazakhExport» созишномаи рушди ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 август миёни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва ҶСК «ЭСК «KazakhExport»- Қазоқистон барои рушди ҳамкории тарафайн созишнома ба имзо расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти КВД БССТ «Саноатсодиротбонк».
Созишнома зимни мулоқоти Раиси раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода ва Раиси раёсати ҶСК «ЭСК «KazakhExport»- Қазоқистон Аслан Калигазин ба имзо расид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштаракро муайян намуданд. Ҳамзамон омодагии худро барои оғоз кардани ҳамкории дуҷониба изҳор доштанд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти хосса медиҳанд ва КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ҳамчун бонки давлатӣ дар рушди ин ҳамкорӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
АКС: КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






