«Саноатсодиротбонк» бо «KazakhExport» созишномаи рушди ҳамкорӣ ба имзо расонид

Август 15, 2022 14:25

ДУШАНБЕ 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 август миёни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва ҶСК «ЭСК «KazakhExport»- Қазоқистон  барои рушди ҳамкории тарафайн созишнома ба имзо расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти КВД БССТ «Саноатсодиротбонк».

Созишнома зимни мулоқоти Раиси раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода ва Раиси раёсати ҶСК «ЭСК «KazakhExport»- Қазоқистон Аслан Калигазин ба имзо расид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштаракро муайян намуданд. Ҳамзамон омодагии худро барои оғоз кардани ҳамкории дуҷониба изҳор доштанд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ба  ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти хосса медиҳанд ва КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ҳамчун бонки давлатӣ дар рушди ин ҳамкорӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

АКС: КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Август 15, 2022 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6631 то 9.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1242 то 0.1210 сомонӣ муқаррар шудааст
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»