Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи ҶДММ «Дурахшон Бӯстон»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот бо 20 ҷои кор дар масоҳати 0,47 гектар таъсис дода шудааст.
Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи инноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб карда шуда, махсулот дар таҷҳизоту дастгоҳи муосир бо риояи технологияҳо дар якчанд марҳила амалӣ мегардад.
Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли қоғазҳои ранга ташаббус ва иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар заминаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолист.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 20 тонна ва дар як сол 240 тонна коркарди ашёи хом мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаббусҳои созандаи соҳибкорон оид ба ҳиссагузорӣ дар панҷсолаи рушди соҳаи саноат баҳои баланд дода, таькид намуданд, ки маҳз рушди соҳаи саноат аз имконияту иқтидорҳои таҳкими содирот мебошад.
Дар саҳни корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон” маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли қубурҳои оҳанин ва профилҳои ҶДММ “Ганҷофар”, корхонаи истеҳсоли мехи печони ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми ҶДММ “Суғдпак-2”, маҳсулоти истеҳсоли ЧДММ “Мироб”, ЧДММ “Гарант Микст”, ҶДММ “Зиннат” ва ҶДММ “Тоҷфилиз” ба намоиш гузошта шуд.
Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба маблағи 286,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Мавриди зикр аст, ки аз соли 2017 то инҷониб дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 корхонаи саноатии гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар натиҷа садҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи кор шуданд.









Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд






