СЕМЕНТИ СИФАТИ ОЛӢ. Тоҷикистон содиркунандаи асосии ин маҳсулот ба Узбекистон гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон содиркунандаи асосии семент ба Узбекистон гардидааст. Дар ин бора дар маркази матбуоти Кумитаи омори Узбекистон хабар доданд. Тибқи ҳисоботи кумита, дар моҳҳои январ-июли соли 2022 ба Узбакистон 1,3 миллион тонна семент ба маблағи умумии 52,5 миллион доллар ворид шудааст.
Дар 7 моҳи соли 2022 Узбекистон аз Тоҷикистон 533 ҳазор тонна семент харидааст.
Дар маҷмӯъ интиқоли ин маҳсулот ба кишвари ҳамсоя хеле кам шудааст, таъкид карданд дар вазорат. Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то июл фиристодани семент нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 421 ҳазор тонна кам шудааст.
Ҳамагӣ ҷумҳурӣ ба маблағи 52,5 миллион доллар 1,3 миллион тонна семент харидааст.
Кумитаи давлатии омор ҳамчунин аз содиркунандагони дигари ин маҳсулот ба Узбекистон ном бурд. Баъд аз Тоҷикистон Қирғизистон қарор дорад. Аз ин ҷумҳурӣ ба мамлакати ҳамсоя 385 ҳазор тонна семент фиристода шудааст.

Дар сегонаи аввал Қазоқистон, ки дар 7 моҳи соли 2022 ба Узбекистон 353 ҳазор тонна ин намуди маҳсулот ворид кардааст, қарор дорад. Туркманистон ҷои чорумро ишғол намуда, Тошканд аз ин кишвар ҳамагӣ 11,5 ҳазор тонна семент гирифтааст. Узбекистон аз Эрон 6,7 ҳазор тонна ва аз Чин 1,4 ҳазор тонна семент ворид кардааст. Рӯйхати содиркунандагони сементро Русия анҷом додааст. Дар муҳлати муайяншуда аз ФР ба Узбекистан 782 тонна маҳсулот расидааст.
Давлатҳои асосие, ки дар 7 моҳи соли 2022 ба Узбекистон семент содирот намудаанд:
Тоҷикистон – 533 ҳаз. тонна;
Қирғизистон – 385 ҳаз. тонна;
Қазоқистон — 353 ҳаз. тонна;
Туркманистон – 11,5 ҳаз. тонна;
Эрон – 6,7 ҳаз. тонна;
Чин – 1,4 ҳаз. тонна;
Русия — 782 тонна.
Тоҷикистон интиқоли семент ба Узбекистонро фаъолона идома медиҳад, вале истеҳсоли ин маҳсулот дар ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3% (ё қариб 157 ҳазор тонна) кам шудааст.
Мувофиқи маълумоти бахши саноатии мамлакат, дар шашмоҳаи аввали соли равон ҷумҳурӣ қариб 2 миллион тонна семент дастрас намуд.
Пештар Тоҷикистон ҳар сол ба хориҷи кишвар беш аз 1,5 миллион тонна семент интиқол медод. Харидорони анъанавии он- Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд






