Соҳибкорони Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд

Август 26, 2022 16:49

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 август дар шаҳри Душанбе вохӯрии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати мамлакат.

Дар вохӯрӣ ҳайатҳои тиҷоратии  Амороти Муттаҳидаи Араб ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ иборат аз намояндагони ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузи соҳаҳои гуногун, аз қабили истеҳсоли атриёт, кишоварзӣ, воридкунандаи маҳсулоти саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ, мағозаҳои фурӯши ҷавоҳироти дастӣ, ашёҳо аз сангҳои ороишӣ ва ғайра ширкат доштанд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 намояндагони бахши хусусӣ, ки дар соҳаҳои болозикр фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба мувофиқа расида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки вохӯрӣ дар доираи ташрифи ҳайатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузории «Кӯлоб-2022», ки 26-27 август доир мешавад, баргузор гардид.

АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Август 26, 2022 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд