Соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярск 9 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд миёни Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Агентии “Статус»-и кишвари Красноярск, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва Иттифоқи соҳибкорони Красноярск, ширкатҳои «САМО» ва «Алянс Строй», “САМО» ва «Энергия», «МИН» ва «Селена фарм», «АгроБиоХим» ва «СИВЕР», ширкати нақлиётии «АВВАТ» ва «Железнодорожное снабжение» ва ғайраҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
4 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорони кишвари Красноярски Федератсияи Русия, ки тӯли чор рӯз дар вилоят қарор доштанд, мулоқот намуд.
Соҳибкорони кишвари Красноярск бо роҳбарии ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева ба вилоят омада, бо фаъолияти якчанд корхонаҳои саноатӣ шинос гардиданд.
Меҳмонон ҳамзамон аз минтақаҳои сайёҳии вилоят боздид намуда, бо шароиту имконоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ шинос шуданд.
Зимни мулоқот Раиси вилоят доир ба зарфияти вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки «ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия дар ҳоли рушд аст.
Бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мубодилаи молу маҳсулот сурат гирифта, Федератсияи Русия аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб мешавад».
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, коркарди ниҳоии пахта, коркарди меваву сабзавот, консерва, банду басти меваи хушк ва содироти он ба Русия баён доштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






