ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, чоршанбе, 229-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 17, 2022 08:00

17 августи соли 2006 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

11 сол пеш, 17 августи соли 2011  дар ситод-қароргоҳи Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри XXI сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон- Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардонида шуданд.

17 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Габон –  Рӯзи истиқлол.

***

Дар Индонезия – Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Узбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Узбекистон» дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок ва суханронӣ карданд.

***

 17 августи соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

6 сол пеш, 17 августи соли 2016  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷумро даъват намуда, ба он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1916 Руминия барои пайвастан бо Антанта розигӣ дод.

***

17 августи соли 1916 дар Олмон барои фурӯши гӯшт меъёр муқаррар карда шуд.

***

17 августи соли 1959 собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ироқ барои сохтани реактори ҳастаӣ дар Ироқ шартнома ба имзо расонид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар шаҳри Тошканд Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Узбекистон «УзА» ба имзо расид.

***

 Соли 1858 аввалин маротиба миёни Амрико ва Аврупо алоқаи телеграфӣ пайваст карда шуд.

Август 17, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст