ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, душанбе, 241-умин рӯзи соли 2022 аст
29 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баъди анҷоми мулоқоти расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расид.
***
9 сол пеш, 29 августи соли 2013 зимни мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубиш масоили вобаста ба вазъи вақт ва дурнамои Афғонистон ва ҳамгироии байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бузурги истеҳсоли семент, ки дар як сол 1 миллион тонна маҳсулот истеҳсол мекунад, ба кор дароварда шуд.
29 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣ.
***
Рӯзи шӯриши миллии словакҳо.
РӮЙДОДҲО:
29 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои «Қазоқистон дар замони муосир» баргузор гардид.
***
8 сол пеш, 29 августи соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
***
29 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон машваратҳои консулӣ доир шуданд.
***
29 августи соли 1793 дар Санто-Доминго – пойтахти Ҷумҳурии Доминикан ғуломӣ манъ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1949 собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин санҷиши бомбаи атомӣ гузаронид.
***
29 августи соли 1954 Фурудгоҳи байналмилалии Сан-Франсиско ифтитоҳ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1936 дар Британияи Кабир аввалин маротиба пахши мустақими мусобиқаи футбол миёни клубҳои «Арсенал» ва «Эвертон» ба роҳ монда шуд.