«ТАНҲО БЕ ВОҲИМА». 17 август тӯфони магнитии сахт дар назар аст

Август 16, 2022 12:55

ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфони магнитии тӯлонӣ ва назар ба тӯфони пештара пурзӯртар, ки дар натиҷаи неруи оташфишонии Офтоб ба вуҷуд омадааст, 17 август ба Замин мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академия Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод.

«Доманаи плазма ба сӯи Замин бо суръати беш аз 2 миллион км/соат парвоз мекунад, сафари вай якчанд рӯз идома меёбад. Абри плазмаи торик, ки аз сатҳи Офтоб берун баромадааст, ба сатҳи Замин расида, боиси тӯфони геомагнитӣ мешавад»,- шарҳ дод олим.

Ба гуфти Гулчеҳра Қоҳирова, ин падидаи маъмули геофизикиест, ки дар як моҳ 5-10 маротиба рух медиҳад.

Астрофизикҳо давоми 5—6 соли охир тӯфонҳои хеле пуриқтидори магнитиро мушоҳида карда истодаанд, вале қабати геомагнитии Замин хеле мустаҳкам буда, таъсири энергияи шуълаи Офтобро нарм мекунад. Тӯфони навбатии магнитӣ, ки пагоҳ дар назар аст, назар ба тӯфонҳои қаблӣ каме тавонотар хоҳад буд, аммо дар ин ҳеҷ чизи ғайриодӣ нест. Интизори қатъ шудани қувваи барқ, қатъ гардидани кори таҷҳизот ва ё дигар фалокатҳо нашавед. Воҳима ҳам накунед! Бо ин сабаб миёни аҳолӣ набояд ташвишу изтироб ба амал ояд. Тӯфони магнитиро одамони гирифтори бемориҳои музмин ва дилу раг эҳсос хоҳанд кард», гуфт ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.

Елена БАТЕНКОВА,
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 16, 2022 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст