«ТИЛЛОИ САФЕД». Нархи яке аз маҳсулоти стратегии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ 30% боло рафт

Август 25, 2022 12:52

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нархи пахта, ки яке аз маҳсулоти стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар бозори ҷаҳонӣ 30 фоиз боло рафт. Ба зикри коршиносон, ҳоло ин нишондиҳанда ҳадди ақал дар 10 соли охир рекордӣ мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агнетии иттилоотии байналмилалии амрикоии Bloomberg.

Bloomberg менависад, ки бар асари гармии ғайримуқаррарӣ ҳосили арзонтарини навъҳои маъмулии растанӣ — пахта нобуд шуд. Бар асари гармои бесобиқа, ҳосил дар кишварҳои истеҳсолкунандаи асосии он, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин ва ИМА ба ҳисоби миёна 30 фоиз коҳиш ёфт. Дар Бразилия 200 000 тонна пахтае, ки ҷамъоварӣ гардида буд, бинобар хушксолӣ вайрон шудааст.

Дар Ҳиндустон, ки дар ҷаҳон аз рӯи истеҳсоли пахта пешсаф аст, боришоти шадид ва зараррасонҳо ба кишти пахта то ҳадде зиён расондаанд, ки ин кишвар маҷбур аст, захираи пахтаро аз хориҷ воридот кунад. Мавҷи гармо дар Чин оид ба ҳосили дарпешистода нигарониҳо ба вуҷуд овардааст. Дар ИМА низ, ки бузургтарин содироткунандаи ин маҳсулот аст, хушксолии афзоянда хоҷагиҳоро хароб мекунад ва метавонад истеҳсолотро дар тӯли беш аз даҳ соли охир ба пасттарин сатҳи худ расонад. Бразилия, ки дуюмин содироткунандаи бузургтарин дар ҷаҳон мебошад, бо гармии шадид ва хушксолӣ, ки аллакай ҳосилро тақрибан 30 фоиз коҳиш додааст, мубориза мебарад.

Ин омезиши ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадаанд, нархи пахтаро то 30 фоиз боло бурд. Аввалҳои соли равон онҳо аз соли 2011 инҷониб ба баландтарин сатҳ расида, маржаи таъминкунандагони либос дар саросари ҷаҳонро коҳиш додан два таҳдид карданд, ки арзиши ҳама чизро – аз футболка то памперсу қоғазу картон боло мебаранд.

Боришоти бемаҳал дар минтақаҳо, аз қабили Австралия, Покистон ва ҳатто Бразилия низ сифати ашёи хомро бад кардааст.

Истеҳсолот дар ИМА ин мавсим, ки моҳи равон оғоз гардид, 28 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. ИМА интизор дорад, ки истеҳсолот ба пасттарин сатҳи худ аз мавсими солҳои 2009-2010 мерасад ва дар натиҷаи он захираҳо ба далели хушксолие, ки ба ҳадде шадид шудааст ва ҳукумати ИМА оби дарёи Колорадоро ба меъёр даровардааст, то ҳадди таърихии ақал коҳиш меёбанд. Нисфи содироти пахтаи ҷаҳон ба ИМА ва Бразилия рост меояд.


Ба ибораи дигар, ҳоло бозори ҷаҳонии пахта аз рӯи ҳаҷм ба сатҳи соли 2010 баргашт.

Пахтаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ арзиш дорад

Тавре маълум аст, пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аммо солҳои охир кишти он коҳиш ёфтааст. Тибқи омори расмӣ, имсол дар мамлакат дар майдони беш аз 181 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки нисбат ба нақша 4,5 ҳазор гектар кам мебошад.

Тибқи пешгӯӣ, имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли 430 ҳазор тонна пахтаи хом дар назар аст. Соли 2021 дар мамлакат 405 ҳазору 911 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд. Ҳосили миёна аз ҳар гектар 23,3 сентнерро ташкил дод. Соли 2021 дар майдони умумии 173 945 гектар пунбадона кишт шуда буд.

Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз дошт, ки  яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта — ин интихоби дурусти навъи чигит мебошад. Барои кишт бояд ҳамон навъҳое интихоб шаванд, ки минтақабоб бошанд, нисбатан тезтар пухта расанд, дорои ҳосили баланд ва сифати хуби нах низ бошанд.  Инчунин шарти дигар, ки марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар равона менамояд, ин риояи муҳлати кишти пунбадона мебошад. Солҳои охир кишоварзони мамлакат кӯшиш мекунанд, ки муҳлати кишти пунбадонаро барвақттар оғоз намоянд. Агар муҳлати кишти пунбадона барвақт оғоз шавад, ин сабаби кишти такрорӣ мегардад».


Солҳои охир тағйирёбии иқлим ба кишоварзӣ таъсири манфӣ расонд. Зикриёхон Ҳайдаров бар ин назар аст, ки аз ин тағйирот набояд ҳаросон шуд, баръакс ба онҳо мутобиқ гардидан лозим аст. Барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим олимони мо бояд навъҳои ба ҳарорати баланд тобоварро ба вуҷуд оваранд.

Бояд гуфт, ки кишоварзони мо навъҳои ватании Сорбон, Хучанд-67, Шарора 10-20, Тоҷикистон, Флора, Кармен, Намангон, Ҳисор, Истиқлол, Суғдиён-2 ва ғайраро парвариш намуда, ба иқлими маҳал мутобиқ кардаанд.

Инчунин дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, бахусус дар водии Вахш пахтаи маҳиннах парвариш карда мешавад, ки дар бозори ҷаҳонӣ баландсифат ва гаронтарин маҳсуб меёбад. Навъҳои пахтаи маҳиннах корҳои иловагии агротехникиро талаб мекунанд, вале ин хароҷот ҳангоми ба даст овардани ҳосили хуб пӯшонида мешавад. Аз рӯи нарх, навъи пахтаи маҳиннах нисбат ба навъҳои миёнанах хело бартарӣ дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми содироти пахтаро тибқи пешбинии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2022-2024 коҳиш диҳад. Ҳамин тариқ, дар се соли оянда ҳаҷми содироти пахта аз 121 ҳазор тоннаи соли 2021 то 40 ҳазор тонна дар соли 2024 коҳиш хоҳад ёфт. Соли гузашта содироти нахи пахта дар ҳаҷми 90 ҳазор тонна пешбинӣ карда мешуд, вале 121 ҳазору 146 тонна ашёи хом ба хориҷи кишвар ба маблағи 256,3 миллион доллар фурӯхта шуд. Ба гуфтаи коршиносон, ин, пеш аз ҳама, ба қафомонии коркарди пахта дар дохили мамлакат рабт дорад. Ҳукумати Точикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки коркарди дохилии «тиллои сафед»-ро ба 70-73 фоиз расонда, содироти нах, матоъ ва равғанро зиёд кунад.

Чаро «тиллои сафед»?

Аввалан, гуфта мешавад, ки замоне аз Ҳиндустону Миср ба Русияи подшоҳӣ тойҳои пахта меоварданд ва ба таъминкунандагон тилло пардохт мекарданд. Бори аввал пахтаро дар Бобул «тиллои сафед» номиданд.

Сониян, ҳама сарватҳои табииро аксар вақт «тилло» меноманд: нафт «тиллои сиёҳ», об — «тиллои соф», гази табиӣ — «тиллои кабуд», кашмир («кашмирӣ» маводи хеле борик аз нах, ки аз пашми бузҳои кӯҳӣ, ки дар Покистон, Ҳиндустон, баъзе минтақаҳои Муғулистон ва Непал ба сар мебаранд) – «тиллои гарм», мӯинаҳои гаронбаҳо – «тиллои нарм».

Дар матнҳои қадимаи ҳиндӣ риштаҳои пахтагинро ситоиш мекарданд. Ривоят аст, ки аз нахи пахта барои худоён болишт омода мекарданд. Худоёне, ки дар ин гуна болиштҳо хоб мекарданд, ба одамон раҳм менамуданд.

Муаррихи Юнони қадим Геродот дар бораи парвариши пахта дар Ҳиндустон чунин навиштааст: «Дар он ҷо дарахтони даштие ҳастанд, ки дар онҳо ба ҷои мева пашм мерӯяд ва аз ҷиҳати зебоиву сифат аз пашми гусфанд бартарӣ доранд. Ҳиндуҳо аз ин пашми дарахт либос мекунанд».

Дар Чин, ки он ҷо абрешим маъмул буд, пахта танҳо растании ороишӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо маълум аст, ки дар асри VI императори Чин либоси пахтагини гаронбаҳо ва ба таври ҳайратовар тунук дошт (гуфта мешавад, ки он ба император ҳадя шудааст).

Инчунин мегӯянд, ки артиши Сезар либоси пахтагин дошт.

Пахта нахи пурарзиш аст, вагарна онро «тилло» намегуфтанд. Аз он на танҳо матоъ, балки қоғаз барои пул, борут, собун, глитсерин ва сеарин ҳам тайёр карда мешаванд. Палави ҳақиқиро бо равғани пахта мепазанд ва асале, занбӯрҳо аз пахта ҳосил мекунанд, ширавори воқеии болаззат аст!

Аз ин рӯ, мегӯянд, ки агар дар хоб пахтаи шукуфтаро бубинед, то бидонед, ки он аз фоида ва муваффақият дар корҳо хабар медиҳад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 25, 2022 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд