Тоҷикистон ба Ҷопон ангури хушсифат содирот менамояд

Август 3, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти таъму сифати хуб доштани ангури Тоҷикистон ҷониби Ҷопон омодагӣ ба ҳамкориро дар самти қабули ангур изҳор дошт. Ин масъала 2 август зимни мулоқоти Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон Кейҷи Фуруя баррасӣ гардид.

Тавре дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни  мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иброз намуд, ки дар Тоҷикистон 40 ҳазор гектар токзор мавҷуд буда, 35 ҳазор гектари он мевадиҳанда мебошад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 2021  270 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардида, 52 ҳазор тоннаи он асосан ба Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон содирот шудааст. Дар ҷумҳурӣ 193 навъи ангур мавҷуд буда, токпарварон асосан 20 навъи онро парвариш менамоянд.

Кейҷи Фуруя зимни мулоқот хоҳиш намуд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳо ва идома додани муносибатҳо вобаста ба содироти ангур аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон масъулин вобаста карда шаванд ва маълумотнома дар бораи ангурҳои ба содирот нигаронидашуда пешниҳод гардад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон соли 2021  88,8 миллион долларро ташкил намудааст. Дар шаш моҳи соли 2022 муомилоти молӣ ба 49,5 миллион доллар расидааст.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Август 3, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд