Тоҷикистон ва Гурҷистон масоили ба роҳ мондани алоқаи ҳавоиро матраҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Гурҷистон табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯи баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод, ки соли ҷорӣ дар Тифлис ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ карданд. Таъкид шуд, ки ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуд.
Ёдовар мешавем, ки 3 август дар шаҳри Батумӣ ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи «Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки доираи соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷии ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Гурҷистон баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва дастгирии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумӣ доир карда шуд.
Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ аҳамияти ҳамоишро дар рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ намуд.
Ба ҳамаи иштирокчиён оид ба имконияти фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт, ки барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд, ба таври муфассал маълумот дода шуд.
Ҳамзамон сафир ба иштирокчиён роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан оғози татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат маълумот дода, изҳор кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд, ки он барои ҷалби сармояи хориҷӣ марҳилаи нав мебошад ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ дар ин раванд саҳм гузоранд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






