Тоҷикистон ва Гурҷистон масоили ба роҳ мондани алоқаи ҳавоиро матраҳ намуданд

Август 9, 2022 16:41

ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Гурҷистон табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯи баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод, ки соли ҷорӣ дар Тифлис ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ карданд. Таъкид шуд, ки ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуд.

Ёдовар мешавем, ки 3 август дар шаҳри Батумӣ ҳамоиши соҳибкорӣ дар мавзӯи «Фазои мусоиди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки доираи соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷии ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Гурҷистон баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва дастгирии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Батумӣ доир карда шуд.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ аҳамияти ҳамоишро дар рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон арзёбӣ намуд.

Ба ҳамаи иштирокчиён оид ба имконияти фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт, ки барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд, ба таври муфассал маълумот дода шуд.

Ҳамзамон сафир ба иштирокчиён роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан оғози татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат маълумот дода, изҳор кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд, ки он барои ҷалби сармояи хориҷӣ марҳилаи нав мебошад ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ дар ин раванд саҳм гузоранд.

Акс: ВКХ ҶТ

 

Август 9, 2022 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»
Дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир шуд