Тоҷикистон ва Португалия бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ эъломияи муштарак ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 августи соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Жоао Гомеш Кравино бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар эъломияи муштарак ба имзо расониданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар он ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро зикр карда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд иброз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Португалия 4 августи 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Паулу Жоао Лопешду Регу Визеу Пинейру (қароргоҳаш дар шаҳри Москваи Русия) мебошад.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Португалия дар соли 2020 ба 614,8 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки аз он содирот 579,2 ҳазор ва воридот 35,6 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






