Тоҷикистон ва ташкилоти Хелветас татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро муҳокима карданд

Август 26, 2022 09:46

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва бахши об дар чаҳорчӯби саҳмҳои муайянкардаи миллӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо директори намояндагии ташкилоти Хелветас дар Тоҷикистон Сулҳия Ҳайдарова дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мониторинги сифати об ва баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи техникӣ ва кадриро мавриди баррасӣ қарор доданд. Татбиқи ин тамоюл имкон медиҳад, ки захираҳо барои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим сафарбар карда шаванд.

Ҳамзамон дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ташкилоти Хелветас дар Тоҷикистон изҳори назар карда шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Август 26, 2022 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд