Тоҷикистон ва Туркия заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳоро муҳокима карданд

Август 25, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 25.08.2022  /АМИТ «Ховар»/. 23-24 август дар шаҳри Анқара байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо машваратҳо баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо номгӯи ягонаи санадҳои байналмилалии дуҷониба ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар баррасии якдигар қарор доранд, муҳокима карданд.

Ҳамзамон оид ба дурнамо ва тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии дуҷониба, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва самти маҳфуздорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Август 25, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид