Тоҷикистон ва Узбекистон масоили марбут ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд

Август 31, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистон ва Узбекистон имрӯз дар Душанбе зимни ҳамоише, ки дар мавзӯи «Иқтидори рушди ҳамкории байнисарҳадӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда (ҲТММ) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон» доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамоиши мазкур дар доираи «Моҳи амалиёти иқлими сабз» доир гардида, дар он мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода зикр намуд, ки ҳамоиши мазкур идомаи чорабиниҳои амалӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба экология дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва самаранок истифода бурдани табиат, ки 2 июни соли 2022 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ба имзо расида буд, маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ба ташриф овардани мутахассисони тоҷику узбек ба кишварҳои ҳамдигар ишора гардид.

Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба экология Бобурҷон Маҳмудов гуфт, ки Тоҷикистон ва Узбекистон аъзои конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба гуногунии биологӣ, конвенсияҳои Бонн ва Ромсар ҳастанд. “Дар шароити тағйирёбии иқлим кишварҳои моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ландшафтҳо ва олами набототу ҳайвонот саъю талош варзанд. Танҳо дар асосии ҳамкории минтақавӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт”,- таъкид кард Бобурҷон Маҳмудов.

Ҳамзамон мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни узбекашон дар бораи ҳолати мамнӯъгоҳҳои кишварҳо ва дурнамои ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист изҳори назар намуданд.

Сафари кории мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Узбекистон ба Тоҷикистон аз 31 август то 3 сентябр идома ёфта, меҳмонон аз Парки табиӣ-таърихии Ширкент боздид менамоянд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд