«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ нимаи моҳи октябр доир мешавад

Август 30, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 23 октябр даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо иштироки 316 нафар ғолибони даври дуюм аз тамоми гӯшаву канори мамлакат баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.

Мавсуф зикр намуд, ки баъди баргузории даври ниҳоии озмун аз 24 то 27 октябр омодагиҳо барои баргузории барномаи калони фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ сурат мегиранд. Маросими супоридани мукофоту ҷоизаҳо ба ғолибони даври ниҳоии озмун ва барномаи калони фарҳангӣ бо иштироки ғолибони даври ниҳоӣ 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли равон бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардидаи Низомнома дар саросари мамлакат доир гардид.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, даври дуюми озмун аз 25 июл оғоз гардида, то 18 август дар марказҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ бомуваффақият ҷамъбаст гардид.

Аз 1323 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 167 нафар сароянда, 131 нафар навозанда ва 18 нафар композитор (оҳангсоз) мебошанд.

Тибқи тақсимоти синнусолӣ, ки дар Низомнома муқаррар гардидааст, дар даври ниҳоӣ аз 12 то 17-сола 143 нафар ва аз 18 то 40-сола 173 нафар иштирок менамоянд.

Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 168 довталаб 51 нафар, вилояти Хатлон- аз 497 довталаб 81 нафар, вилояти Суғд- аз 185 довталаб 57 нафар, шаҳри Душанбе- аз 228 довталаб 80 нафар ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 245 довталаб (минтақаи Рашт 21, водии Ҳисор 26 нафар) 47 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли чорум аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат баргузор карда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Август 30, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд