Тотористон ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо минтақаҳои Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард

Август 5, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 05.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 август Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати ҶТ дар ФР хабар доданд.

Дар доираи сафари корӣ Сафири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Тотористон Рустам Минниханов мулоқот кард.

Роҳбари Намояндагии дипломатӣ  Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Темур Раҳимовро ба Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов муаррифӣ намуд.

Зимни суҳбат оид ба вазъи кунунии ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо Тотористон инчунин дурнамои равобити тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.


Мусоҳибон доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, комплекси агросаноатӣ, маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.

Ҳамчунин роҳбари Намояндагии дипломатӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, соҳибкорони Тотористонро барои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар даъват намуд.

Рустам Минниханов ба роҳбарияти Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва ҷонибдории ҳамкорӣ бо Тотористон арзи сипос намуда, ҷиҳати таҳкими робитаҳо бо минтақаҳои кишвари мо, бахусус, дар соҳаи тиҷорату иқтисод изҳори ҳавасмандӣ кард.


Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати Тотористонро барои ширкат варзидан  дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон ва Русия», «Помиринвест 2022», инчунин Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022», ки имсол дар Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд, даъват намуд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари корӣ ҳамчунин бо Раиси Иттифоқи «Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тотористон» Шамил Агеев мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масоили марбут ба густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари  Намояндагии дипломатӣ аҳаммияти рушди ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Тотористонро таъкид намуда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии кишварамон ба Тотористон баён дошт.


Худи ҳамон рӯз Сафири Тоҷикистон аз Агентии рушди сармоягузории Ҷумҳурии Тотористон боздид ба амал оварда, бо роҳбарияти ин ниҳод мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла, имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1 августи соли 2022 дар шаҳри Қазон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанони муқими минтақаҳои ҳавзаи федералии Приволжскийи Русия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Роҳбари Намояндагии дипломатӣ аҳаммияти таърихии ин рӯйдодҳоро дар замони муосир,  яъне дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Ҳамзамон  доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва  тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот дода шуд.

Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар корҳои тадорукотии Тоҷикистон баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолона ширкат варзанд.

Ҳамчунин зарурати нигоҳ доштани робита ва ҳамкории доимии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо ҳамватанон зикр карда шуд, зеро ин амал воситаи асосии таҳкимбахши равобит  миёни онҳост.

Зимни суҳбат бо ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун, аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ ба миён гузошта шуданд.

Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Тотористон аз Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга», ҶСК «Камаз» ва ҶДММ «Эйдос-медицина» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти коргоҳҳои мазкур шинос шуд.

АКС: Сафорати ҶТ дар ФР

Август 5, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд