«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Ашт ғолибони озмун муайян ва қадршиносӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими ҷамъбасти озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Озмуни мазкур дар асоси Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025 ва ба истиқболи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Тибқи баҳогузории ҳакамон, дар бахши кандакорӣ Мелиқузӣ Ҳакимов аз Ҷамоати деҳоти Ашт, дар бахши дӯзандагӣ Гулноза Негматова аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши наққошӣ-кулолгарӣ Боҳир Юлдошев аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши бофандагӣ Хуморой Тошматова аз Ҷамоати деҳоти Ошоба, дар бахши оҳангарӣ Бахтиёр Абдухалилов аз Ҷамоати деҳоти Ашт ғолиб дониста шуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба ғолибони озмун Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






