Варзишгарони тоҷик то охири соли равон дар 10 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзанд

Август 20, 2022 13:51

ДУШАНБЕ, 20.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик то охири соли равон дар 10 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷаҳонӣ аз рӯи намудҳои дзюдо, қаиқронӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, варзиши сабук, таэквандо ва бокс иштирок менамоянд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Варзишгарони тоҷик аз 2 то 9 октябр дар чемпионати ҷаҳон доир ба дзюдо, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

«Ҳамзамон аз 21 то 23 октябр варзишгарони мо дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонии дзюдо -Гран Слам, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Баргузории мусобиқаи бонуфузи Гран Слам то охири соли равон дар дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст, ки варзишгарони тоҷик дар онҳо ширкат менамоянд. Аз ҷумла, баргузории ин мусобиқа аз 4 то 6 ноябр дар Озарбойҷон, 3-4 декабр дар Ҷопон дар назар буда, варзишгарони тоҷик дар онҳо ҳунарнамоӣ менамоянд»,-гуфт Ҳалимҷон Набизода.

Зикр шуд, ки аз 10 то 18 сентябри соли равон дар Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад, ки варзишгарони мо дар он Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Инчунин 7-16 сентябр дар мусобиқаи байналмилалии бокс, ки дар ИМА баргузор мегардад, варзишгарони тоҷик ширкат намуда, Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.

Ба зикри сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода, инчунин то охири сол чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи дигар намудҳои варзиш ва варзиши ғайриолимпӣ баргузор мегарданд. Вобаста ба ворид гардидани низомномаҳои онҳо Кумита дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дастаи мунтахабро интихоб намуда, ба ин мусобиқаҳо сафарбар менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Август 20, 2022 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад