ВИРУСОЛОГҲО ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТ ВА МУҲЛАТИ МАВҶИ НАВИ COVID-19 ДАР РУСИЯ. Вазири тандурустии Тоҷикистон мавҷуд будан ё набудани омилҳои воридшавии коронавирусро ба кишвари мо шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Русия дар як шабонарӯз ба 20 303 нафар расид, ки ин теъдод як рӯз қабл 19 974 нафарро ташкил медод. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дирӯз, 7 август дар ситоди федералии фаврӣ оид ба мубориза бо сироятёбӣ хабар доданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ҳамин тариқ, дар Русия бори аввал аз 30 март инҷониб дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор ҳодиса ошкор гардид. Дар маҷмӯъ аз оғози пандемия дар кишвар 18 712 699 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи фавт дар як рӯз шабонарӯз ба 44 ҳолат расидааст, ки як рӯз қабл 46-то буда, ҳамагӣ ба 382 741 ҳолат расидааст. Шумораи шифоёфтагон 8 729 нафар афзуда, ба 18 039 355 расидааст.
Дар як шабонарӯз дар Русия 1 505 бемори гирифтори ковидро дар муқоиса бо 2 141 нафари як рӯз қабл (29,7% кам) дар беморхона бистарӣ намудаанд. Теъдоди бистаришудагон дар 12 минтақа афзоиш ёфта, дар 63 минтақа кам шудааст, инчунин дар 10 минтақа вазъ бетағйир мондааст.
Авҷи нави гирифторӣ ба коронавирус пурра имконпазир аст,- иттилоъ додааст доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Алексей Аграновский ба РБК.
«Аввалан, гурӯҳи «омикрон» пайдо гардидааст, аз ҷумла «кентавр», ки аллакай дар Русия мавҷуданд. Онҳо дар сатҳи гул ё сурхча хеле сирояткунанда мебошанд»,-зикр намуд вирусолог оид ба ҳолатҳои нави гирифторӣ.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ дар фасли тирамоҳи меомада ба фаъолнокии иҷтимоӣ, яъне баргаштани одамон ба донишгоҳҳо, мактабҳо, пас аз рухсатӣ ба кор баромадани онҳо вобаста мебошад. Вирусолог ҳушдор дод, ки мавҷи нави коронавирус метавонад аз як то ду моҳ идома ёбад.
Афзоиши бемориҳо аз сабаби бисёр зич будани аҳолӣ пас аз идҳо ва таътилҳо комилан имконпазир аст, чунин мешуморад дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии РУДН Сергей Вознесенский. Вирусолог зикр намуд, ки соли сипаригардида болоравии гирифторӣ ба моҳҳои июн-июл рост омада, моҳи август аллакай пастравӣ ба қайд гирифта шуда буд. «Интизор меравад, ки пас аз чанд ҳафта ҳолати баамаломадаи гирифторӣ бо COVID-19 муътадил гашта, мо рақамҳои коҳишёбии сироятёбӣ дар як шабонарӯзро мушоҳида намоем»,-шарҳ дод Вознесенский.
Ҳарду коршинос зикр намуданд, ки намудҳои нав- «омикрон» ва «кентавр» сабуктар гузашта, барои дар беморхона бистарӣ намудан ниёзи камтар пайдо мегардад.
«Шумораи фавт дар муқоиса нисбат ба штаммҳои аввали пандемия камтар аст. Ба оҳистагӣ ин сироятёбӣ ба гурӯҳи зукоми маъмулӣ мегузарад,-иброз намуд Аграновский. – Чанд ҳолат ба амал меояд- ин аслан барои мутахассисон зарур аст, аммо барои ҷомеа чандон муҳим нест. Ман зиёдшавии гирифторонро дар беморхонаҳои сироятӣ пешбинӣ намекунам».
«Ба ин хотир метавон пешгӯӣ намуд, ки ба фоизи ками гирифторон бистаришавӣ дар беморхонаҳо зарур меояд. Ҳоло ин тақрибан 8 фисади гирифторшудагонро ташкил медиҳад»,-афзуд Сергей Вознесенский.
Ба андешаи ӯ, зиёдшавии беморӣ аз чӣ гуна паҳншавии он ва то чӣ андоза баланд будани масунияти гурӯҳӣ вобастагӣ дорад.
«Дар айни замон тибқи таҳлилҳои коршиносон, масунияти гурӯҳӣ тақрибан 16%-ро ташкил медиҳад, инҳо нафаронеанд, ки бемор шудаанд ё шурӯъ аз санаи имрӯза ваксина ба муддати 6 моҳ гирифтаанд. Мутаассифона, дар авҷи беморӣ ин рақам метавонад аз 50 ҳазор зиёд бошад», — хулоса намуд коршинос.
Оё омилҳои воридшавии коронавирус ба Тоҷикистон мавҷуданд? Ба ин суоли мухбири АМИТ «Ховар» Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода 27 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:
«Омилҳо вуҷуд доранд, зеро ҳамарӯза дар ҷаҳон 828 ҳазор нафар беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта мешаванд. Инчунин дар ҷаҳон ҳоло ба ин беморӣ 23 миллион нафар гирифтор шудаанд. Агар гардиши ин вирус ва ҳолати гирифторӣ дар ҷаҳон вуҷуд дошта бошад, пас эҳтимоли пайдо шудани ҳолатҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад».
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади пешгирии бемории коронавирус аз ҷониби вазорат дар тамоми гузаргоҳҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо нуқтаҳои муоинаи ин беморӣ фаъолият доранд, ки дар ҳолати мушоҳида шудани ҳарорати баланд, набудани таҳлилҳои ПСР ё надоштани шаҳодатномаи гузаронидани ваксина шаҳрвандони воридшаванда ташхис карда мешаванд».
Вазир илова кард, ки «дар мамлакат аз аввали сол дастгоҳи махсус барои муайян кардани шаклҳои коронавирус фаъол аст. Соли 2021 шакли нави коронавирус- «омикрон» вориди ҷумҳурӣ гардид, ки танҳо 299 ҳодиса (34 ҳолати фавт) ба қайд гирифта шуд. Хушбахтона, аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон дигар ягон ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст».
«Хушбахтона, аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст»,-иброз намуд Вазири тандурустии ҶТ.
АКС: Daily








Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ПЕШГИРӢ АЗ ХУШУНАТ–ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ОИЛАИ СОЛИМ. Дар ин мавзуъ бо сокинони Файзобод вохӯрӣ доир шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд






