ВИРУСОЛОГҲО ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТ ВА МУҲЛАТИ МАВҶИ НАВИ COVID-19 ДАР РУСИЯ. Вазири тандурустии Тоҷикистон мавҷуд будан ё набудани омилҳои воридшавии коронавирусро ба кишвари мо шарҳ дод

Август 8, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Русия дар як шабонарӯз ба 20 303 нафар расид, ки ин теъдод як рӯз қабл 19 974 нафарро ташкил медод. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дирӯз, 7 август  дар ситоди федералии фаврӣ оид ба мубориза бо сироятёбӣ хабар доданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ҳамин тариқ, дар Русия бори аввал аз 30 март инҷониб дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор ҳодиса ошкор гардид. Дар маҷмӯъ аз оғози пандемия дар кишвар 18 712 699 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи фавт дар як рӯз шабонарӯз ба 44 ҳолат расидааст, ки  як рӯз қабл 46-то буда, ҳамагӣ ба 382 741 ҳолат расидааст. Шумораи шифоёфтагон 8 729 нафар афзуда, ба 18 039 355 расидааст.

Дар як шабонарӯз дар Русия 1 505 бемори гирифтори ковидро дар муқоиса бо 2 141 нафари як рӯз қабл (29,7% кам) дар беморхона бистарӣ намудаанд. Теъдоди бистаришудагон дар 12 минтақа афзоиш ёфта, дар 63 минтақа кам шудааст, инчунин дар 10 минтақа вазъ бетағйир мондааст.

Авҷи нави гирифторӣ ба коронавирус пурра имконпазир аст,- иттилоъ додааст доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Алексей Аграновский ба РБК.

«Аввалан, гурӯҳи «омикрон» пайдо гардидааст, аз ҷумла «кентавр», ки аллакай дар Русия мавҷуданд. Онҳо дар сатҳи гул ё сурхча хеле сирояткунанда мебошанд»,-зикр намуд вирусолог оид ба ҳолатҳои нави гирифторӣ.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ дар фасли тирамоҳи меомада ба фаъолнокии иҷтимоӣ, яъне баргаштани одамон ба донишгоҳҳо, мактабҳо, пас аз рухсатӣ ба кор баромадани онҳо вобаста мебошад. Вирусолог ҳушдор дод, ки мавҷи нави коронавирус метавонад аз як то ду моҳ идома ёбад.

Афзоиши бемориҳо аз сабаби бисёр зич будани аҳолӣ пас аз идҳо ва таътилҳо комилан имконпазир аст, чунин мешуморад дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии РУДН Сергей Вознесенский. Вирусолог зикр намуд, ки соли сипаригардида болоравии гирифторӣ ба моҳҳои июн-июл рост омада, моҳи август аллакай пастравӣ ба қайд гирифта шуда буд. «Интизор меравад, ки пас аз чанд ҳафта ҳолати баамаломадаи гирифторӣ бо COVID-19 муътадил гашта, мо  рақамҳои коҳишёбии сироятёбӣ дар як шабонарӯзро мушоҳида намоем»,-шарҳ дод Вознесенский.

Ҳарду коршинос зикр намуданд, ки намудҳои нав- «омикрон» ва «кентавр» сабуктар гузашта, барои дар беморхона бистарӣ намудан ниёзи камтар  пайдо мегардад.

«Шумораи фавт дар муқоиса нисбат ба штаммҳои аввали пандемия камтар аст. Ба оҳистагӣ ин сироятёбӣ ба гурӯҳи зукоми маъмулӣ мегузарад,-иброз намуд Аграновский. – Чанд ҳолат ба амал меояд- ин аслан барои мутахассисон зарур аст, аммо  барои ҷомеа чандон муҳим нест. Ман зиёдшавии гирифторонро дар беморхонаҳои сироятӣ  пешбинӣ намекунам».

«Ба ин хотир метавон пешгӯӣ намуд, ки ба фоизи ками гирифторон бистаришавӣ дар беморхонаҳо зарур меояд. Ҳоло ин тақрибан 8 фисади гирифторшудагонро ташкил медиҳад»,-афзуд Сергей Вознесенский.

Ба андешаи ӯ, зиёдшавии беморӣ аз чӣ гуна паҳншавии он ва то чӣ андоза баланд будани масунияти гурӯҳӣ вобастагӣ дорад.

«Дар айни замон тибқи таҳлилҳои коршиносон, масунияти гурӯҳӣ тақрибан 16%-ро ташкил медиҳад, инҳо нафаронеанд, ки бемор шудаанд ё шурӯъ аз санаи имрӯза ваксина ба муддати 6 моҳ гирифтаанд. Мутаассифона, дар авҷи беморӣ ин рақам метавонад аз 50 ҳазор зиёд бошад», — хулоса намуд коршинос.

Оё омилҳои воридшавии коронавирус ба Тоҷикистон мавҷуданд? Ба ин суоли мухбири АМИТ «Ховар» Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода 27 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:

«Омилҳо вуҷуд доранд, зеро ҳамарӯза дар ҷаҳон 828 ҳазор нафар беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта мешаванд. Инчунин дар ҷаҳон ҳоло ба ин беморӣ 23 миллион нафар гирифтор шудаанд. Агар гардиши ин вирус ва ҳолати гирифторӣ дар ҷаҳон вуҷуд дошта бошад, пас эҳтимоли пайдо шудани ҳолатҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад».

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади пешгирии  бемории коронавирус аз ҷониби вазорат дар тамоми гузаргоҳҳои заминӣ ва фурудгоҳҳо нуқтаҳои муоинаи ин беморӣ фаъолият доранд, ки дар ҳолати мушоҳида шудани ҳарорати баланд, набудани таҳлилҳои ПСР  ё надоштани шаҳодатномаи гузаронидани ваксина шаҳрвандони воридшаванда ташхис карда мешаванд».

Вазир илова кард, ки «дар мамлакат аз аввали сол дастгоҳи махсус барои муайян кардани шаклҳои коронавирус фаъол аст. Соли 2021 шакли  нави коронавирус- «омикрон» вориди ҷумҳурӣ  гардид, ки танҳо 299 ҳодиса (34 ҳолати фавт) ба қайд гирифта шуд. Хушбахтона, аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон дигар ягон ҳолати ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст».

«Хушбахтона, аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст»,-иброз намуд Вазири тандурустии  ҶТ.

АКС: Daily

Август 8, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд