Завқӣ Завқизода ва Со Бёнсу татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» ва «Иқтисоди рақамӣ»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Со Бёнсу дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд меёбанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ», «Технологияҳои рақамӣ», «Содагардонии расмиёти савдо» ва ҷорӣ намудани Низоми «Савдои электронӣ» ва афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк, асал ва оби ошомиданӣ мубодилаи афкор намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби кореягӣ даъват ба амал овард, ки бо дарназардошти имконияти Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими кореягӣ ба иқтисоди миллӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, техникаҳои барқӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Корея мусоидат намояд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






