17 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи CAITME 2022 иштирок доранд

Сентябрь 9, 2022 10:26

ДУШАНБЕ, 09.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳабдаҳ истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии таҷҳизоти нассоҷии Осиёи Марказӣ – CAITME 2022 иштирок доранд, ки барои вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи зарфияти ҳамкорӣ имконият фароҳам меорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба намояндагии Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ /МТБ/.

Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои «Лиман», «Саидиён», «Сифат «Саноат», «Тоҷтекс», «Зебо» (Душанбе), «Иззат», «Лидер», «Ортекс», «Раҳимов А.А», «Раҳматов», «Сапсан» (Хуҷанд), «КОТА Глобал» (Бохтар), «Ноҳид» (Истаравшан), «Ботур» (Конибодом), «Само ва К» (Фархор), «Мафтуна» (Ваҳдат) ва «Сафия» (Турсунзода) иборат аст.

CAITME ҳамасола беш аз 100 ширкат аз даҳҳо кишварро гирди ҳам меорад. Дар намоишгоҳ таҷҳизоти замонавии соҳаи нассоҷию дӯзандагӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ин чорабинӣ навтарин ва пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаро ба маъраз гузошта, барои шиносоӣ ва робита пайдо кардан бо тасмимгирандагони калидӣ ва коршиносони соҳа ва омӯзиши тамоюлот, равандҳо ва масъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҳамоишҳое, ки дар ҳошияи намоишгоҳ баргузор мегарданд, имконият фароҳам месозад.

Роҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон Саидмӯъмин Камолов мегӯяд, ки “мо аз ин имконияти нодир ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави истеҳсол ва коркарди маҳсулот, пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориву сармоягузорӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсоли ришта, матоъ, рангубор ва дӯзандагӣ хушҳолем. Ин намоишгоҳ ҳамчунин ба ҳайси макони муҳиме барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав хидмат мекунад”.

Соҳибкорони Тоҷикистон бо фанновариҳои навини соҳа, таҷҳизоти замонавӣ, раванду тамоюлоти нави технологӣ дар соҳа шинос шуда, бо истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ бевосита дар намоишгоҳ вомехӯранд ва эҳтимол аст шартномаву созишномаҳо ба имзо расонанд. Соли гузашта ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои воридоти таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, матоъ ва фурнитура ба маблағи 1,7 миллион доллари ИМА баргаштанд.

Ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳри Тошканд, фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои маводи хом ва таҷҳизот дидан мекунад. Боздид аз Тошканд ибтикори муштараки МТБ ва GIZ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 9, 2022 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд