МО ХОТИРАИ ӮРО АБАДӢ ПОС ХОҲЕМ ДОШТ. Яке аз тарҷумонҳои касбии Тоҷикистон Мадориф Шарифов даргузашт
ДУШАНБЕ, 30.09.2022/НИАТ «Ховар»/. Имрӯз, дар Рӯзи байналмилалии тарҷумон, месазад, ки мо бо як сухани нек тарҷумони боистеъдод Мадориф Шарифовро ёд кунем, зеро чанд рӯз қабл аз ҷашни иди касбиаш дар синни 95-солагӣ чашм аз олам пушид.
Мадориф Шарифов дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, дар овони кӯдакӣ бе падару модар монда буд. Дар ятимхонаи Кангурт тарбия ёфта буд ва доим бо арзи сипос ва муҳаббати беандоза аз мурабиёни худ ёд мекард. Пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон якчанд сол ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор карда, баъдан дар ҳамин вазифа то баромадан ба нафақа ва баъд аз он низ, дар ТоҷикТа ва АМИТ «Ховар» кору фаъолият намудааст.
Вай мутахассиси кордони соҳаи худ буд, инро ҳам ҳамкасбон ва ҳам хонандагони тарҷумаҳояш эътироф мекунанд. Вай шахси меҳнатдӯст, хоксор ва хайрхоҳ буд. Ӯро ҳайати кормандон ва нафароне, ки мешинохтанд, барои хулқу атвори хуб, муносибати беғаразонааш ҳурмат мекарданд. Устод Шарипов бо ҷидду ҷаҳд кор мекард ва дар лаҳзаҳои фориғ аз кор шоҳмотбозиро дӯст медошт.
Мадориф Шариповро бисёр тарҷумонҳо ва рӯзноманигрон устоди аввалини худ меҳисобанд. Ӯ доимо ҷавононро бовар мекунонд, ки аз ӯҳдаи кор мебароянд. Доимо дар тарҷумаи маводҳо кӯмаки худро дареғ намедошт ва тамоми нозукиҳои корро меомӯзонд. Мадориф Шарипов инчунин шавҳар ва падари хуб буд, яке аз фарзандонаш духтури шинохтаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Шогирдон доим устодро бо миннатдории бепоён ёд хоҳанд кард.
Ҳайати кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бино ба даргузашти собиқадори матбуот Мадориф Шарипов, ки солҳои тӯлонӣ дар АМИТ «Ховар» кор кардааст, ба аҳли оила, пайвандону наздикони марҳум изҳори тасаллӣ мекунанд. Устод Шарипов аз худ хотираи нек гузошт, ки мо онро абадӣ пос хоҳем дошт.
Ҳайати кормандони АМИТ «Ховар»








Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид






