ҲАДИСИ МУСАВВАР. Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон калонтарин иншооти Туркия ва Русия бо лавҳаҳои ҷашнӣ ва рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон оро ёфтанд

Сентябрь 10, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати ҶТ дар Ҷумҳурии Туркия 9 сентябри 2022 бо мақсади арҷ гузоштан ба Истиқлоли давлатӣ ва таҷлили 31-умин солгарди он, парчами Тоҷикистон дар баландтарин бинои шаҳри Анкара, Türkiye Odalar ve Borsalar Birliği-ТOBB (Иттифоқи Палатаи Молиявӣ ва Биржаҳо) ва дарозтарин пули шаҳри Истанбул – пули машҳурии Босфор (Boğaz küprüsü) намоиш дода шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД аз шаҳри Истанбул.

Ёдовар мешавем, ки бинои Маркази Иттифоқи Палатаҳои савдо ва биржа, ки соли 1950 таъсис ёфтааст, дар пойтахти Туркия дар кӯчаи Думлупинар 252 ҷойгир буда, феълан дар ин иттиҳодия 365 намояндагиҳои савдо ва биржаҳои молӣ фаъолият доранд.


Пули Босфор (Boğaziçi Köprüsü), бо дарозии 1560 метр, яке аз се пули овезон ва аввалин пули Босфор аст, ки Аврупо ва Осиёро мепайвандад.


Инчунин дирӯз, 9 сентябр бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба ифтихори таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои шаҳри Москва ва дохили фурудгоҳҳо лавҳаҳои ҷашнӣ бо суханони табрикотӣ намоиш дода шуданд.


Ҳамчунин бегоҳи рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар мавзеи Арбат намоиши лавҳаҳои ҷашнӣ ба ифтихори ин санаи фархунда баргузор гардид.

АКС: Сафорати ҶТ дар Туркия/Сафорати ҶТ дар Русия/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд