Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Қазон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки 27-30 август дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Ҳамчунин дар ҳамоиши мазкур 30 нафар ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иштирок намуданд.
Ҳамоиш дар доираи барномаи байналмилалии «Қазон — пойтахти ҷавонони СҲИ-2022» доир гардида, дар он зиёда аз 300 нафар намояндагони беш аз 50 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дар доираи ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо намояндагони расмии кишварҳои ширкаткунандаи ҳамоиши байналмилалии ҷавонон мулоқот анҷом дод.
Дар ҳамоиш мавзӯъҳои марбут ба муҳоҷирати ҷавонон, муколамаи байнифарҳангӣ, соҳибкории ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардиданд.
АКС: Сафорати ҶТ дар ФР









Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






