Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок дорад

Сентябрь 21, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Мубоҳисаҳои умумӣ таҳти раёсати Раиси тозаинтихоби он Чаба Короши (намояндаи Маҷористон) ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.

Интизор меравад, ки Вазири корҳои хориҷӣ мавқеъ ва диди Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонию минтақавӣ ва роҳҳалҳои он ироа намояд.

Кори иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлоси МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кор оғоз намуда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 21, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд