Ҳайати вилояти Хатлон дар Туркия бо волии шаҳри Бурса мулоқот намуд

Сентябрь 16, 2022 13:51

ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия, ки аз 11 то 18 сентябр ҷараён мегирад,  дар шаҳри Бурса мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо волии Бурса Якуп Ҷанболат доир гардид.

Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Волии Бурса Якуп Ҷанболат зимни пазироии ҳайати Хатлон иброз намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои корӣ барои вусъат бахшидан ба ҳамкории доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат мусоидат мекунад.

Бурса нахустин пойтахти таърихии Туркия буда, ҳоло бо аҳолии беш аз семиллионнафарааш чаҳорумин шаҳри сернуфуси Туркия маҳсуб мешавад. Бурса ҳоло 17 минтақаи озоди саноатӣ дошта, яке аз бузургтарин шаҳрҳои саноатии Туркия мебошад.

Тавре ки волии Бурса маълумот дод, маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои саноатии ин шаҳр ба 187 кишвари ҷаҳон, асосан Олмон, Фаронса ва Италия содирот мешавад. Дар ин шаҳр корхонаҳои азими мошинсозии OYAK Renault, TOFAŞ, Bosch ва Karsan фаъолият мекунанд ва дар нимаи якуми соли равон ба маблағи қариб 5 миллиард доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар маҳсулоти саноати мошинсозӣ содирот шудааст. Дар ин шаҳр ҳамчунин тавлиди либосворӣ ва саноати ресандагӣ рушд кардааст.

Якуп Ҷанболат иброз дошт, ки тибқи омори расмӣ, ҳоло дар шаҳри Бурса 128 нафар тоҷикон, аз ин миён 40 донишҷӯи тоҷик зиндагӣ ва таҳсил мекунанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот зикр кард, ки шарикии мутақобилан судманд ва фаъолияти муштараки Тоҷикистон ва Туркия дар самтҳои гуногун ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳои мо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган рушд ёфта истодааст.

То имрӯз миёни ду кишвар заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкорӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин давра зиёда аз 70 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расидаанд.

Зикр шуд, ки ду кишвар то имрӯз дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд. Акнун бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо сармояи туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 80 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мекунанд.

Мулоқоти ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарияти шаҳри Бурса дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои дигари рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин дар шаҳри Бурсаи Туркия мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят бо роҳбарият ва аъзои Палатаи савдо ва саноати Бурса баргузор гардид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Бурса Иброҳим Буркай ба меҳмонон доир ба шароити фаъолият ва дастовардҳои ширкатҳои тиҷоратию истеҳсолии ин шаҳр маълумот дод. Корхонаҳои истеҳсолию саноатии шаҳри Бурса солона ба маблағи 17 миллиард доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содирот мекардаанд.

Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот доир ба заминаҳои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Бурса ва лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутақобилан судманд сухан гуфт.

Зикр гардид, ки ташрифи ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия ба дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим миёни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содирот нигаронидашуда бахшида шудааст.

Ҷонибҳо дар мулоқот иброз намуданд, ки тавассути гуфтушунид ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия ҳамкории гуногунсамтро миёни шаҳри Бурса ва вилояти Хатлон бо таъсиси корхонаҳои муштарак ба роҳ мондан имконпазир мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 16, 2022 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад
Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Озарбойҷон ҳамкориро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон тақвият медиҳад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тадбирҳо бар зидди ҳашароти зараррасон пурзӯр карда мешаванд