ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Қирғизтаборони ноҳияи Мурғоб: «Тоҷикистон дар ягон ҳолат бо миллату халқияте муносибати неки ҳамсоядориро вайрон накардааст»

Сентябрь 20, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мо, сокинони ноҳияи Мурғоб аз ҳодисаҳои ноҳияи Исфараи вилояти Суғд сахт андӯҳгин буда, амалҳои нопоки сарҳадбонони қирғизро маҳкум менамоем. Зеро Қирғизистон бо мақсади нопоки худ ба сӯи аҳолии осоиштаи ноҳияҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон тир холӣ кард. Ин амалу рафтори онҳо барвақт тарҳрезӣ шуда, нақшаеро инъикос менамояд, ки ҳаёти осоиштаи ду минтақаи бо ҳам ҳамсояро ноором созад. Қирғизистон бояд дарк намояд, ки ин ҷанг ба онҳо манфиате намеорад», — чунин омадааст дар муроҷиатномаи қирғизтаборони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба АМИТ «Ховар» расид.

Дар муроҷиатнома инчунин омадааст, ки ба ин ҳодиса мардуми қирғиз аллакай дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ чун айби роҳбарияти Қирғизистон баҳо додаанд. Чуноне ки худи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон зикр намудаанд, «мо халқи азияткашида ва бисёр камбизоат ҳастем. Мо ҷангро асло бо кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо бисёриашон хешу табор шудаем, намехоҳем».

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик миллати сулҳхоҳу сулҳҷӯ ва халқпарвари асил буда, ҳамеша бо давлатҳои ҳамсарҳади худ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ягон ҳолат тоҷикон бо дигар миллату халқият муносибаташонро вайрон накардаву ҳамеша барои пойдории сулҳу дӯстӣ кӯшиши зиёд намудаанд.

«Мо, ду халқи бо ҳам дӯсти ноҳияи Мурғоб — тоҷикону қирғизон солиёни зиёд мешавад, ки бо ҳам дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ба сар бурда, дар тӯли таърих бо ҳам робитаи нек ва ибратомӯз доштаем, ки ин робитаҳо ҳанӯз ҳам пойдоранд. Мутаассифона, бархе гурӯҳҳои ноогоҳ мехоҳанд бо бозиҳои иғвоангези худ ҳаёти осоиштаи сокинонро ноором созанд. Имрӯз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дӯстиву рафоқат ва ҳамкориро пешаи худ намуда, кӯшиш намоем, ки муносибати неку бародаронаамонро нигоҳ дорем. Танҳо муносибати неки инсондӯстонаи ду миллат метавонад садди роҳи ҳамаи мушкилот бошад», — гуфта мешавад дар хотимаи муроҷиатномаи сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

АКС: МИҲД н. Мурғоб

Сентябрь 20, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад