ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори таслияти Пешвои миллатро ба наздикони қурбониёни муноқишаҳои марзӣ расонид
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони қурбониён — полковник Олимназар Хоҷаназаров ва капитан Шералӣ Раҳимзода, ки дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ҳалок шуданд, изҳори таслият ва эҳсоси ҳамдардии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Алишер Мирзонабот аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пайвандон ва наздикони ду нафар афсари шуҷою далери вилоят – полковник Олимназар Хоҷаназаров ва капитан Шералӣ Раҳимзода ҳамдардии амиқ баён намуд», — омадааст дар иттилоияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Давлату Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллатро ҳамеша қадр мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Зимни ин амалиёт ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва системаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ба ҳалокат расидани сокинони осоишта гардид.
Акс: МИҲД ВМКБ








Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд






