ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори таслияти Пешвои миллатро ба наздикони қурбониёни муноқишаҳои марзӣ расонид

Сентябрь 19, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони қурбониён — полковник Олимназар Хоҷаназаров ва капитан Шералӣ Раҳимзода, ки дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ҳалок шуданд, изҳори таслият ва эҳсоси ҳамдардии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Алишер Мирзонабот аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пайвандон ва наздикони ду нафар афсари шуҷою далери вилоят – полковник Олимназар Хоҷаназаров ва капитан Шералӣ Раҳимзода ҳамдардии амиқ баён намуд», — омадааст дар иттилоияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Давлату Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллатро ҳамеша қадр мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд.

Зимни ин амалиёт ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва системаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ба ҳалокат расидани сокинони осоишта гардид.

Акс: МИҲД ВМКБ

Сентябрь 19, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд