ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Қатар оид ба идомаи иқдомҳои иғвогаронаи Қирғизистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ маълумот дод
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Қатар д-р Аҳмад ал-Ҳамодӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи идомаи иқдомҳои иғвогарона ва хасмонаи Қирғизистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва пайомадҳои фоҷиабори таҷовузи мусаллаҳонаи неруҳои ҳарбии Қирғизистон маълумот дод.
«Ба ҷониби қатарӣ далелҳои истифодаи неруҳои қирғиз аз аслиҳаи вазнин ва ҳавопаймоҳои бесарнишин бар зидди аҳолӣ ва сарҳадбонони тоҷик, қатли ваҳшиёнаи шаҳрвандони осоишта, тахриби масҷиду манзилҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ пешниҳод карда шуд», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






