ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби Малайзия дар бораи рӯйдодҳои ахир дар сарҳад иттилоъ дод

Сентябрь 21, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Қамарудин Ҷаъфар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон ба он ҷониб дар бораи рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон иттилоъ дода, сабабҳои сар задани муноқиша ва талафоти шаҳрвандонро ба таври муфассал шарҳ дод.

Ҳамчунин зимни мулоқот раванди тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе доир мегардад, матраҳ гардид.

Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Малайзия ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 21, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд