АЗ БЕМОРИИ СУРХЧА ВА ГУЛАФШОН КӮДАКОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД! Дар баъзе минтақаҳоиТоҷикистон эмгузаронии иловагӣ ҷараён дорад

Сентябрь 13, 2022 10:10

 ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 15 сентябр дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод рӯзҳои эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон ҷараён доранд, ки он кӯдакони  аз 5- сола то наврасони 15-соларо дар бар мегирад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.

Наврӯз Ҷаъфаров иброз намуд, ки рӯзҳои эмгузаронии иловагӣ бар  зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар минтақаҳои зикргардида ба он хотир ба роҳ монда шудаанд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин гуна беморӣ  бештар ба қайд гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки барои пешгирии ин бемориҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар саросари мамлакат маъракаи Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории сурхакон ва гулафшон низ доир менамояд.

Ба гуфтаи мутахассисон,  бемории сурхча шадиди сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавӣ ва ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх  хос аст.  Пайдоиши доначаҳои сурх  хосияти  пай дар пайӣ дорад.  Мисол, дар рӯзи якум  ин доначаҳо дар паси гӯшҳо, рӯй ва  гардан пайдо мешаванд, рӯзи дуюм ин доначаҳо дар қисми болои  қафаси сина ва  дастҳо мебароянд,  рӯзҳои  сеюм  пайдошавии доначаҳо ба  қисми поёнии бадан, яъне пойҳо мегузарад.

Барангезандаи  бемории сурхча  вирус мебошад, ки ба воситаи  ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия нашудаанд, мегузарад.

Давраи хатарнок ва сирояткунии атрофиён- ин 4 рӯз пеш аз баромадани доначаҳои сурх ва 4 рӯз баъд аз баромадани доначаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин давра сари вақт беморро бояд аз дигарон ҷудо  намоянд ва барои бемор  шароити муносиб муҳайё кунанд. Давраи ниҳоии бемории сурхча аз 7 то 18 рӯзро дар бар мегирад.

Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча – ин иммунизатсия ба воситаи гузаронидани ваксина бар зидди ин беморӣ мебошад. Ваксинае, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад, ин  ваксинаи комплексӣ буда, бар  зидди ҳам бемории сурхча ва ҳам гулафшон равона карда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ мувофиқи тақвими миллӣ иммунизатсия бар зидди бемории сурхча 2 маротиба гузаронида мешавад, вояи якум дар синни яксолагии кӯдакон ва вояи дуюм такроран дар 6-солагӣ. Барои пайдо шудани масунияти пурра бар зидди ин беморӣ кӯдакон ҳатман бояд ду вояи ваксинаро қабул кунанд.

Бемории Гулафшон шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа аз бемор ба дигар нафар мегузарад. Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ ва барангезандаҳои он буда метавонанд. Бемории гулафшон хусусан ба занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад.

Ба гуфти мутахассисон, тадбири эмкунӣ имкон медиҳад, ки эҳтимоли сар задани беморӣ, шароити гузаришу паҳншавии он маҳдуд карда шавад. Бузургтарин дастоварди тиб бар зидди сурхакон ва гулафшон эмкунист.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз ва бойгонӣ

Сентябрь 13, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд