Аз Истаравшан барои сокинони зарардидаи деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ёрӣ расонда шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша 28 сентябр ба оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардидаи деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ирсол карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.
Тавре масъулин иброз доштанд, соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар пайравӣ ба амалҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаи оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардида, ин иқдоми наҷибро амалӣ намуданд.
«Дар ин рўзҳои ниҳоят душвор мо дар паҳлуи сокинони зарардидаи шаҳри Исфара ҳастем ва то метавонем ба онҳо барои барқарор намудани манзили зисташон ёрӣ мерасонем»,-зикр карданд онҳо ва илова карданд, ки иқдоми мазкур идома дошта, дар назар аст дар доираи ин тадбир барои зарардидагон то 200 ҳазор хишти дигар кӯмак карда шавад.

Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






