Аз Истаравшан барои сокинони зарардидаи деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ёрӣ расонда шуд

Сентябрь 29, 2022 11:02

 ДУШАНБЕ, 29.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша 28 сентябр ба оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардидаи деҳоти «Чоркўҳ»-и шаҳри Исфара 80 ҳазор дона хишт ирсол карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Тавре масъулин иброз доштанд,  соҳибкорони шаҳри Истаравшан дар пайравӣ ба амалҳои инсонпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии  ҳамаи оилаҳои аз ҳодисаҳои сарҳадӣ зарардида, ин  иқдоми наҷибро амалӣ намуданд.

«Дар ин рўзҳои ниҳоят душвор  мо дар паҳлуи  сокинони  зарардидаи  шаҳри Исфара ҳастем ва  то метавонем ба онҳо барои барқарор намудани манзили зисташон ёрӣ мерасонем»,-зикр карданд онҳо ва илова карданд, ки иқдоми мазкур идома дошта, дар назар аст дар доираи ин тадбир барои зарардидагон то 200 ҳазор хишти дигар  кӯмак карда шавад.

Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Сентябрь 29, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад