БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Файзобод 3 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд

Сентябрь 6, 2022 11:40

ФАЙЗОБОД, 06.09.2022 /АМИТ  «Ховар»/.  Дар ноҳияи Файзобод ба шарафи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ  бинои асосии муассисаи таълимии №42 барои 300 нафар дар ду баст дар  деҳаи Навбаҳори  Ҷамоати деҳоти Дустмурод  Алиев,  бинои асосии муассисаи таълимии №58 барои 300 нафар дар ду баст дар деҳаи Бини Сумчи Ҷамоати деҳоти Чашмасор ва ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №4 барои 50 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорони деҳаҳои мазкур сохта шудаанд. Мушкилоти асосӣ дар ин деҳаҳо нарасидани ҷойи нишаст ва муҳайё набудани шароити таҳсил буд, ки хушбахтона, бо дастгирии Раиси ноҳия Бобишо Холзода ва саҳми сокинон ин мушкилӣ пурра бартараф гардид.

Дар ноҳияи Файзобод бо  шарофати сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ин ҷашни таърихӣ 9 иншоот, аз қабили коргоҳи истеҳсоли чӯбу тахта,  маркази саломатӣ дар деҳаи Себистон, бунгоҳи тиббӣ, осиёб ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳия сохтмони беш аз 100 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ин иншоот ба соҳаи маориф 11 адад, фарҳанг- 2 адад, тандурустӣ- 5 адад, варзиш- 3 адад ва  саноат- 7 адад рост меояд.

Инчунин корҳои бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, роҳҳои маҳаллӣ  ва гузарондани хатҳои оби ошомиданӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҷараён доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Сентябрь 6, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд